Ним миллион сомонии пирамард: нафақахӯр синфхона сохт

Соҳибкор дар деҳаи Лолагии Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор бинои дуқабата сохта ба истифода дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бинои иборат аз нуқтаи таъмиру шустушӯйи нақлиёт, нонвойхона ва осиёбро ба маблағи  беш аз ним миллион сомонӣ  нафақахӯр Шодибек Қурбонов  бунёд намуда, мавриди истифода қарор дод. 
Ванҷ обод мешавад: Қодири Қосим бо соҳибкорони ин ноҳия мулоқот кард
Дар ошёнаи дуюми бино барои забономӯзии фарзандони деҳа синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба истифода дода шуданд.
Дар маросими ба истифода додани ин иншооти ҷашнӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок намуданд.
Иқдоми маърифатпарваронаи соҳибкорро дар деҳот беҳтарин фазилати инсонӣ, ғамхорӣ ба насли наврас ва ояндаи миллат, мусоидат ба забондонию ҷаҳондонӣ маънидод намуда, аз ҷумлаи олитарин корҳои хайру савоб унвон карданд.
Дар масофаи начандон дуртар аз ин иншоот соҳибкори дигари деҳаи Лолагӣ  Хурсандмурод Кенҷаев бинои дуошёнаи иборат аз мағозаи хӯрокворӣ ва толори варзиширо ба маблағи беш аз 500 000 сомонӣ бунёд намудааст, ки дар пайи ин иқдоми соҳибкор барои сокинони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.