ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ёвон беморхонаеро ифтитоҳ кард, ки сохтмонаш 31 сол пеш қатъ гардида буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Бино бар иттилои манбаъ, сохтмони комплекси бинои дуошёнаи нотамоми беморхона ҳанӯз соли 1978 оғоз шуда, соли 1990 қатъ гардида буд.
Соли 2014 дар 33 фисади бино корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, шуъбаҳои таваллуд, навзодон, занона, эҳёи таваллуд ва ҷарроҳӣ пурра сохта ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд.
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ шуъбаи ҷарроҳии тозаи калонсолон бо 40 кати хоб, шуъбаи ҷарроҳии фасоди калонсолон бо 25 кати хоб ва ҷарроҳихона бо муосиртарин дастгоҳҳо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
"Корҳои таҷдиду навсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ соли 2020-ум оғоз гардида буд ва инак дар муҳлати кутоҳ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид", - менависад манбаъ.
Иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи қабули беморхона дорои 21 ҳуҷра буда, дар он 31 нафар, аз ҷумла 7 нафар табиб, 14 ҳамшираи тиб, 10 корманди хӯрди тиб фаъолият менамояд.
Дар асоси талаботи мавҷуда дар шуъбаи қабул ҳуҷраҳои захмбандӣ, доругузаронӣ, шикастабандӣ, кӯдакона, табиби бемории дил, дандонпизишкӣ, асабшиносӣ, рентгенӣ, ултрасадо, эндоскопӣ, бемориҳои занона (гинекологӣ), сабти барқии дил ва ҳуҷраи интенсивӣ мавҷуд мебошад.
Ҳамаи ҳуҷраҳо дорои беҳтарин шароити хизматрасонӣ барои табибон аст.
Шуъбаи шикастабандӣ ва осебшиносии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон дорои 22 ҳуҷра ва 35 кати хоб буда, 32 нафар мутахассисон дар он ба кор ҷалб гардидаанд.
Шуъбаи бемориҳои дил бошад, дорои 13 ҳуҷра ва 35 кати хоб аст. Кормандони шуъба 31 нафарро ташкил намуда, 8 нафар табиб, 13 нафар ҳамшираи тиб ва 10 нафар корманди хӯрди тиб мебошад.
Дар ҳамаи шуъбаҳои беморхона дастгоҳҳои муосири табобатии истеҳсоли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Япония, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Олмон ва Федератсияи Россия насб шудааст.