ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар зарфи ду моҳи соли равон ба маблағи беш аз 34,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон 60 корхонаю ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд.
"Айни замон 22 субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба таври густурда фаъолият намуда, маҳсулот истеҳсол менамоянд", - таъкид мекунад вазорат.
Аз ҷумла, 11 корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", 9 корхона дар Минтақаи озоди "Данғара" ва ду корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" маҳсулот истеҳсол мекунанд.
Дар ин давра субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар ҳаҷми 4,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.