ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, қарзи донишҷӯёне, ки пули хобгоҳро аз моҳи январи соли ҷорӣ насупоридаанд, бахшидааст.
Бино ба иттилои Раёсати донишгоҳи мазкур, 292 нафар донишҷӯ, ки дар хобгоҳи ин донишгоҳ истиқомат мекунанд ва маблағи хобгоҳро барои шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2020-2021, яъне аз моҳи январ то моҳи июни соли равон насупоридаанд, аз пардохти маблағи хобгоҳ озод гардиданд.
Бояд гуфт, ки сар аз 1 январи соли равон андозаи музди меҳнати ҳамаи кормандони донишгоҳи мазкур 5 фоиз зиёд гардида, омӯзгорону кормандоне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд, аз пардохти маблағ барои истиқомат дар хобгоҳ озод гардиданд.
Қаблан, Қурбонзода зимни натиҷагирӣ кардан аз фаъолияти донишгоҳ дар соли 2020 гуфта буд, ки музди меҳнати кормандони донишгоҳ ба ҳисоби миёна дар як моҳ сари ҳар як корманд чунин аст: роҳбарият 3440 сомонӣ; омӯзгорон 2953 сомонӣ, кормандони ёрирасон 1749 сомонӣ; шуъбаи хоҷагидорӣ 1086 сомонӣ, дар маҷмӯъ 2507 сомониро ташкил медод.