ДУШАНБЕ, 27 мар— Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, 1 рубли русӣ, агар чанде пеш ба 0.1526 то 0.1545 баробар буд,дирӯз ва имрӯз арзиши он 0.1476 то 0.1510 нишон дода шудааст.
Доллари амрикоӣ агар чанд моҳи охир дар як мақом яъне аз 11.3085 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ шуда бошад, пас имрӯз аз 11.3100 то 11.3300 сомонӣ арзиш дорад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1476 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3100 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ фурӯши 1 евро, ки ки дирӯз аз 13.5075 то 13.6800 сомонӣ буд, имрӯз 13.3763 то 13.5300 муқаррар шудааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1476 то 0.1510 сомонӣ таъйин намудааст
Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3100 сомонӣ;
1 евро – 13.3763 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1476 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".