Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайрҳои нави сайёҳӣ ташкил мешаванд

Барои автобусҳое, ки байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳаракат мекунанд,  барои рушди имкониятҳои сайёҳии ду кишвар як долони "сабз" таҳия мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти роҳбари Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Фаррухрӯз Иззатуллозода бо директори Департаменти рушди сайёҳии шаҳри Тошканд Санҷар Тоҷиев баргузор гардид, менависад UzDaily.com.
Дар ин мулоқот намояндагони бахши сайёҳии ду кишвар ширкат варзиданд. Дар ҷараёни музокирот ҳамкорон дар бораи густариши робитаҳои байни пойтахтҳо ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳаи туризм мубодилаи афкор карданд.
Бо нону намак: пешвози мири Тошканд дар Душанбе ва мулоқоти ӯ бо Рустами Эмомалӣ
Аз ҷумла, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо имкониятҳои нави ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро байни шаҳрҳои минтақаҳои наздисарҳадиро баррасӣ карданд.
Бо назардошти коҳиши хатарҳои марбут ба пандемияи коронавирус, намояндагони бахши сайёҳӣ бо пешниҳоди кушодани як долони сабз барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баромад карданд.
Хотиррасон мекунем, ки қаблан шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Артихоҷаев дар доираи сафари кории худ ба Душанбе омад ва бо Рустами Эмомалӣ мири пойтахт дидору гуфтушунид намуд.
Ӯзбекистон пас аз хабари авҷи полиомиелит дар Тоҷикистон ба эмкунии кӯдакон сар кард
Рустами Эмомалӣ ва Ҷаҳонгир Артихоҷаев масоили тавсеаи робитаҳои судбахши ду пойтахтро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, диққати асосӣ ба масъалаҳои барқарор намудани робитаҳои мустаҳкам ва муколама оид ба мубодилаи таҷриба дар соҳаи идоракунии шаҳр ва рушди инфрасохтор дода шуд.