"Ё Аллоҳ", "Ман наметонам", "Ҷони бобош": се таронаи Манижа, ки вожаҳои тоҷикӣ доранд

Таронаҳои Манижаро коршиносон барои услуби ғайриоддиашон , як падидаи нав мегӯянд: истифодаи калимаи тоҷикӣ дар матни таронаҳои русиву англисии овозхон ин гуфтаҳои онҳоро тақвият мебахшанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Дар бозорҳову кӯчаҳову боғҳои Русия шунидани лафзи тоҷикӣ барои касе аҷиб нест: бештар аз 1 миллион тоҷикистоние, ки дар кишвар кору зиндагӣ мекунанд, бо забони модариашон ҳарф мезанад.
Аммо садо додани вожаҳои тоҷикиро, дар таронаҳои русиву англисӣ танҳо дар таронаҳои Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия метавон шунид.
Манижа Сангин, чеҳраест, ки аз 8 март боз ин тараф, номи ӯ садҳо баробар аз пештар бештар зикр мешавад: барояш аҳсан мехонанд, интиқодаш мекунанд ва ҳатто дуои бадаш ҳам мекунанд. 
Дуоҳои бад: Манижа гуфт, чаро қариб аз ширкат дар Евровидение даст мекашид
Манижа, овозхони ҳамакнун номӣ ва зодаи Тоҷикистон дар Русия имсол бо як таронаи ҷанҷолбарангезаш "Зани рус" ба озмуни байналмилалии Евровидение меравад.
Ӯ ҳарчанд мегӯяд, худро рус ҳис мекунад, зодаи Тоҷикистон буданашро пинҳон намедорад ва фарҳанги тоҷикиро дар либоспӯшиву пироҳанҳои тоҷиконааш низ метавон мушоҳида кард. Байни мунаққидонаш дар сигменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ, кам нестанд нафароне ки ӯро ҳувиятгумкарда меноманд.
Манижа ҳатто дар як таронаи номии русиаш - "Сейчас дважды не станет" куртаи чакан дорад. Ва ё дар либосҳояш аз гулдӯзии тоҷикӣ истифода мебарад. Ҳатто рӯймолро ба тарзи худ баставу ба саҳна мебарояд.
Аммо, феълан гап сари чанд таронаи Манижа меравад, ки вожаҳои тоҷикӣ истифода шудаанд.

"Ваня"

Таронаи "Ваня"-и Манижа Сангин бештар усули ғарбиро дорад. Он дар Ютуб 17 январи соли 2020 нашр шуда, то имрӯз аз он ҳудуди 795 ҳазор нафар тамошо кардаанд.
Тарона ба забони англисӣ  пешниҳод мешавад. Дар он Манижа худро духтари осмону замин меномад ва як мисраи тоҷикӣ меорад - "Ман духтарчаи осмуну замин".
Муаллифи матни "Ваня" худи Манижа Сангин мебошад. Дар як қисми ин суруд, ки бештар бо усули рэп  сароида шудааст, Манижа калимаи "ҷони бобош" ("вақте ки ман таваллуд шудам, ҷони бобош будам" - қисман тоҷикӣ ва қисман аглисӣ, идора) ва вожаи  "ош"-ро ("ҳеҷ вақт интизор нашав, ки ман барои ту ош омода мекунам" - қисман бо забони англисӣ) истифода мебарад.
Дар Ютуб 38 ҳазор нафар ин таронаро писандидаанд.

"Мама" (Модар)

Таронаи "Мама"-и Манижа яке аз машҳуртарин ва сербинандатарин сурудҳои ӯст. Нахустин навори иҷрои он дар канали Ютуб соли 2017 нашр шудааст. Соли 2019 овозхон ба таронаи "Мама" намоҳанг низ омода ва сабт карда буд.
"Бо парчами мо баромад накунад"! интиқоди тунди вакили рус аз Манижа
Дар он ҳаёти духтараке инъикос мешавад, ки доим падараш модарашро шиканҷа мекунад. Худи Манижа дар шарҳи ин намоҳанг изҳор дошт буд, ки дар роҳи мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон дар хонаводаҳо клипро сабт кардааст. Аз намоҳанги "Мама" дар Ютуб бештар аз 2 миллион нафар тамошо кардаанд.
Вожаи тоҷикие, ки дар суруд истифода мешавад, баръакси таронаи "Ваня", ки вожаҳои дағал дорад, ба матнаш мувофиқ аст - "Ҷони ман ман наметонам". Ин ҷумларо овозхон дар суруд ду маротиба такрор мекунад.

"Недославянка"

Манижа барои сабти намоҳанги "Недославянка" соле пеш ҳатто ба Тоҷикистон сафар карда буд. Дар  ин тарона  аз муҳоҷироне қисса мекунад, ки аллакай дар ватани худ бегонаву дар кишвари бегона худӣ нушудаанд. 
"Дар замини худ ман аллакай бегонаам ва дар замини бегона ҳоло худӣ нашудаам", - шикоят мебарад вай.
Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 панҷ миллион бинанда гирифт
Хулоса, дар ин тарона низ ҳамагӣ ду вожаи тоҷикии қисман арабӣ, "Ё Аллоҳ" ва вожаи лаҳҷагиии "Э бача ту маро гӯш кун" истифода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, соле пеш Манижа ҳангоми баромадаш дар барномаи "Квартирник НТВ у Маргулиса" иқрор шуда буд, ки то ҳол ягон таронаи пурра тоҷикиро азхуд накардааст. 
Аммо ба қавли вай, зери ҳавои таронаҳои ҳунарманди номии тоҷик Далер Назаров калон шудаву то ҳол аз онҳо илҳом мегирад.
"Яке аз илҳомбахшандагони асосии ман Далер Назаров буд. Ин мусиқӣ тамоми кӯдакиам бо ман буд ва то ҳол ба ман рӯҳбахш аст", - қайд мекунад вай.
Ошкоргӯиҳои Манижа бо Собчак: аз посух ба Жириновский то таҳпӯшу нажодпарастӣ - видео
Ӯ дар посух ба суоли ровии барнома, ки оё дар Тоҷикистон низ овозхонҳои машҳур ҳастанд, мегӯяд, "буданд ва ҳастанд ва исми ду овозхони дигар Муқаддас Набиева ва Наргис Бандишоеваро низ ёдрас мешавад.