ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 26 март, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур пули мошингузарро мавриди истифода қарор дод.
Ин пул кӯчаҳои Расул Раҷабовро бо Абдураҳмони Ҷомӣ пайваст мекунад. Дарозии пул 64 метр буда, паҳноии он 20 метр ва иқтидори борбардориаш ба 80 тонна баробар аст.
Ёдовар мешавем, ки 25 апрели соли 2014 бар асари боришоти шадиди борон ва омадани сел дар ноҳияи Ёвон пули мазкур комидан вайрону валангор гардид.
Зимнан, бо дастури кишвардори Тоҷикистон барқарорсозии пул соли 2018 аз ҷӯи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия ва чанд соҳибкори дигар рӯи даст гирифта шуд.
Дар асоси лоиҳа дар ду паҳлӯи пули мошингузар роҳҳои пиёдагард бо паҳноии 1,7 метр сохта шуда, барои истифода дар муддати тӯлонӣ кафолат дода мешавад.
Ҳамчунин дар ду соҳили дарёча 34 адад мехсутуни пул бунёд карда шуда, болои пул бо истифода аз масолеҳи оҳану бетонӣ рӯйпӯш ва мумфарш карда шудааст.
Иншоот аз 4 хати ҳаракат барои мошинҳо иборат буда, дар ду паҳлӯи роҳҳои пиёдагарди он панҷараҳои оҳанини ҳимоявӣ васлу насб карда шудаанд.
Пули сохташуда аҳамияти зиёд дошта, аз он баробари зиёда аз 30 ҳазор нафар сокинони ноҳия меҳмонону сайёҳон низ истифода мебаранд.