Ҷавоби Озарбойҷон ба Human Rights Watch: нисбати асирони арманӣ бадрафторӣ набуд

Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гузориши дидабони ҳуқуқи башар дар бораи вайрон кардани Конвенсияи байналмилалии Женева дар бораи муносибати бераҳмона бо асирони ҳарбии Арманистонро рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Вазорати корҳои хориҷаи Озарбойҷон дар баёнияе рафтори Боку бо асирони арманиро тибқи мавозини ҳуқуқи байналмилалӣ эълом кард ва гузориши дидабони ҳуқуқи башар Human Rights Watch-ро дар бораи рафтори номуносиб бо асирони низомии арманӣ, як ҷониба ва дур аз воқеъият тавсиф кард.
Ҳама ба ҳама: табодули маҳбусон байни Озарбойҷон ва Арманистон чӣ гуна буд - видео
Дар ин баёнияи Вазорати корҳои хориҷаи Озарбойҷон гуфта шудааст, ки бо ҳамаи асирони низомӣ ва ғайринизомии арманӣ дар Озарбойҷон мутобиқи Конвенсияи Женеваи соли 1949 рафтор шуда ва онҳо ҳаргиз мавриди тавҳину таҳқир қарор нагирифтанд ва кумакҳои пизишкии лозимро низ дарёфт карданд.  
 Вазорати корҳои хориҷаи Озарбойҷон ҳамчунин таъкид кард ҳамаи асирони низомии арманӣ дар ин кишвар бар асоси тавофуқномаи сеҷонибаи 10 ноябри соли гузаштаи раисони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва нахуствазири Арманистон ба ин кишвар таҳвил дода шуданд.
Озарбойҷон ҳамчунин таъкид кард ҳамаи асирони низомии арманӣ дар ин кишвар бар асоси тавофуқномаи сеҷонибаи 10 ноябри соли гузаштаи раисони Озарбойҷону Русия ва нахуствазири Арманистон ба ин кишвар таҳвил дода шуданд.