ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бар асоси додаҳои Додгоҳи Маскав алайҳи Холов.И.А, ки ба навиштаи бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон Холов Изатулло Амонович - Иззат Амон мебошад, тибқи моддаи 18.10, қисми 2 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия парванда боз шуда, нисбаташ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст.
Моддаи мазкур дар бораи фаъолияти ғайриқонунии меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия мебошад, ки патент ё иҷозатномаи кор надоранд.
Додгоҳи Маскав тафсилоти муҷозоти Холовро нагуфтааст, аммо банде, ки аз рӯи он нисбаташ ҷазо татбиқ гардидааст, ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 7 ҳазор рубл бо ихроҷ аз қаламрави Русияро пешбинӣ мекунад.
Дар сомонаи додгоҳ омадааст, ки қарори додрас дар мавриди Холов 16 марти соли равон ҳукми қонунӣ гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран аз қавли наздикону ҳамкорони Иззат Амон хабарҳо нашр гардиданд, ки ӯ бадарак шуда, ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон истирдод мегардад.
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин наворе нашр гардид, ки дар он Иззат Амон мегӯяд, соли 1996 шаҳрвандии Русияро гирифта, соли 2000-ум барои кору иқомат ба ин кишвар кӯчидааст. Ӯ мегӯяд, Академияи дипломатии Русияро соли 2009 бо дипломи сурх хатм намуда, дар Академияи хизмати давлатии назди дастгоҳи раисиҷумҳури Русия соли 2013-ум унвони номзадии илми ҳуқуқро ҳимоя кардааст.
Иззат Амон дар ин навор изҳор медорад, чанд рӯз қабл огоҳӣ ёфт, ки шиносномаи шаҳрвандии Русияашро бекор кардаанд.
Вай инчунин аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳаш дар Тоҷикистон гуфта, таъкид намудааст, ки ба эҳтимоли зиёд ба ин кишвар истирдод мешавад. Ӯ аз роҳбарияти Русия хостааст, ки барои барқарор кардани шаҳрвандияш ва бозгардонданаш ба Русия ба ӯ кумак намояд.
Ӯ таъкид кардааст, ки чун ҳомии ҳуқуқ баъзан бефаъолиятиҳои намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистонро танқид мекард, аммо ҳеч гоҳ узви ҳеч гуруҳу созмоне набудааст.
Мақомоти тоҷик то ҳол расман иддао дар мавриди истирдоди Иззат Амон ба Тоҷикистонро шарҳ надодаанд.