Оҳангаре, ки аз тӯп ва мушаку тир гули садбарг месозад - акс

Дар минтақаи Донетски Украина оҳангаре ба сар мебарад, ки аз тӯпҳои ҷангӣ гули садбарг месозад ва ба сайёҳон ҳамчун хотирот аз ин минтақа тақдим мекунад
Sputnik
Садбаргҳои қалбакӣ аз пукеву (гилза) пораҳои ҷанг имрӯзҳо дар Донбас ба як тӯҳфаи маъмул табдил ёфтааст. Онҳо як рамзи оламеро иникос мекунанд, ки аз ҳаёти даҳшатбори ҳамарӯзаи Донетск нақл мекунад.
Оҳангар Виктор Михалёв, аввалин нафарест, ки дар Донетск аз пуке (гилза) гули садбарг месозад.
Дар коргоҳе, ки дар ҳавлии хонаи ӯ дар ноҳияи Пролетар дар канори ҷанубу шарқии шаҳр воқеъ аст, пур аз филизоти фарсуда ҷамъоварӣ шудааст. Ба хусус пораҳои минаҳо ва тӯпҳо, боқимондаҳои мушаки "Смерч", кулоҳҳои сӯрохшуда, боқимондаҳои автомати "Калашников" ва ғайра.
Оҳангар мегуяд ин ҳама хотироти бадест, ки ба зебои табдил меёбад.