Раҳмон ба хабаргирии хоҳарбузургаш рафт - гузориши дафтари матбуоти президент

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба хабаргирии фарзанди падар рафт ва дуову фотиҳа кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба аёдати фарзандони падар ва пайвандонаш рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад.
"Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, бо риояи анъана ва суннатҳои хоси наврӯзӣ - аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонаш омад", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, фарзандону наберагони хонадон президентро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо қироат карданд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
"Сари дастархон Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳарбузургашон суҳбати самимие доир карда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуданд ва барои шод кардани арвоҳи гузаштагон дуову фотеҳаи нек намуданд", - афзудааст дафтари матбуоти президент.
Ёдрас мешавем, сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Хатлон имрӯз оғоз гардид. Президент дар рафти ин сафар дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар дар хонаводаи шаҳрванд Фурқат Қосимов низ меҳмон шуд.
Президент ҳангоми суҳбат бо аҳли хонаводаи Қосимовҳо аз вазнинии зиндагӣ дар шаротити пандемия ёдовар шуда, гуфт имсол дар қиёс бо соли гузашта ҳам вазнинтар мешавад.
Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз соли қаҳтӣ: "имсол вазнинтар мешавад" - видео
"Ин солҳо дар тамоми дунё вазнин мешавад. Соли гузашта хубтар буд, имсол боз вазнинтар мешавад. Ҳозир аллакай дар бисёре аз кишварҳои дунё қимматию қаҳтӣ ва камчинии маводи озуқа омадааст. Дар бисёре аз минтақаҳо хушксолӣ аст", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ маслиҳат дод, ки мардум бояд дар шароити ҳамагирӣ эҳтиёт кунанд ва ба исрофкорию зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.