ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Иттилоъ дода шудааст, ки таъсири заминларза дар қаламрави давлати ҳамсоя эҳсос нашудааст.
Маълум шудааст, ки заминларзаи 4 балла субҳи имрӯз тақрибан соати 07:10 ба вақти Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
Тахмин зада мешавад, ки манбаи заминларза дар умқи 23 километр сар задааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора то ҳол шарҳе надодааст. Дар бораи талафот ва хисорот низ то ҳол маълумоте интишор нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал дар саросари ҷумҳурӣ Тоҷикистон чандин заминларза сурат гирифт.
Сарфи назар аз он, ки ҳама заминларзаҳо чандон сахт набуданд ва аксари онҳо ҳатто да пойтахти Тоҷикистон эҳсос намешуд, аммо сокинони минтақаҳои дурдасти шимол ва шарқи ҷумҳурӣ таконҳои баҳории заминро хуб эҳсос мекарданд.