ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Бастабанди нахустин ваксинаҳоро сардори шӯъба Валерий Фалков оғоз кард. Даво дар шакли сӯзандорӯ дастраст хоҳад шуд.
“Ҳамин тариқ, ваксинаи сеюми Русия бар зидди коронавирус ба мардум дастрас хоҳад шуд. Ваксина рӯзҳои наздик дар минтақаҳои гуногуни Русия ба мардум дастрас мегардад ", - омадааст дар иттилоия.
Дар маркази ба номи Чумаков таъкид доштанд, ки сатҳи антителаҳо миёни довталабон хуб арзёбӣ мешавад ва ин марказ тасмим дорад дар фасли тирамоҳ ҳуҷҷатҳоро барои тасдиқи ин ваксина ба СҶТ ирсол намоянд.
"КовиВак" ваксинаест, ки дар асоси вируси SARS-CoV-2 асос ёфтааст.
Пештар хабар дода шуда буд, ки "КовиВак" дар асоси штамми яке аз беморони беморхонаи Маскави Коммунарка таҳия шудааст.
Сабти номи "КовиВак" моҳи феврал сурат гирифт ва қарор аст, то охири сол на камтар аз даҳ миллион воя истеҳсол шавад.