ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз ифтитоҳи Коллеҷи тиббӣ оғоз ёфт.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, коллеҷи мазкурро оилаи Соҳибовҳо сохтанд.
Гуфта мешавад, ин хонавода бинои кӯҳнаи хонаи маишии “Саодат” -ро дар муддати 2 моҳ таҷдиду навсозӣ намуда ба Коллеҷи тиббӣ онро табдил доданд.
Манбаъ меафзояд, зимни шиносоӣ аз шароити таълимии Коллеҷи тиббӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи Соҳибовҳо изҳори миннатдорӣ намуда, ба кори онҳо баҳои баланд дод.
“Коллеҷ аз руи 6 ихтисоси миёнаи тиббӣ, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, табобати дандон, фармасевтӣ, момодоягӣ, табобати умумӣ ва тиббию ташхисӣ мутахассисони сатҳи баландро омода мекунад”,
Қабули довталабон ва кори мунтазами коллеҷи тиббӣ аз мохи июни соли 2021 оғоз гардида, таҳсилот тариқи шартномавӣ сурат мегирад.