Бо нону намак: пешвози мири Тошканд дар Душанбе ва мулоқоти ӯ бо Рустами Эмомалӣ

Раиси шаҳри Тошкандро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, муовини аввали Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев раиси шаҳри Тошканд, имрӯз дар доираи сафари корӣ озими Душанбе шуд, хабар медиҳад котиботи раиси пойтахт.
Ба иттилои манбаъ, Ортиқхоҷаевро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Қурбонзода Амирхон, муовини якуми шаҳрдори пойтахт ва дигаршахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Расман: Рустами Эмомалӣ сертификат гирифту Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шуд
Сипас, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои ӯзбеки худро  мулоқот баргузор намуд. Манбаъ меафзояд, зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Илова бар ин, раисони шаҳри Душанбе ва Тошканд, масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2019 Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар карда буд. Ин нахустин сафари Рустами Эмомалӣ ба ҳайси мири шаҳри Душанбе, берун аз Тоҷикистон буд.