Владимир Путин эм карда шуд: аҳволаш чӣ гуна аст?

Имрӯз сарвари Русия рӯзи пурраи корӣ дорад. Сухангӯи кишвардор нагуфт, Путин кадом ваксина гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, президенти Русия Владимир Путин аз коронавирус эм карда шуд.
"Путин алайҳи коронавирус эм карда шуд. Ӯ худро хуб ҳис мекунад", - гуфт Песков.
Вай қайд кард, ки сарвари давлат имрӯз як рӯзи пурраи корӣ дорад, хабар медиҳад РИА Новости.
Путин гуфт, кай алайҳи коронавирус эм мегирад
Қаблан Песков гуфта буд, ки Кремл намегӯяд, ки президент бо кадом навъи ваксин эм крада мешавад ва худи ин равандро нишон намедиҳад.
Вай инчунин қайд кард, ки Путин ҷонибдори "эмкунӣ дар назди камераҳо" нест, аммо ҳатто бидуни он ӯ барои пешбурди эмкунӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.
Песков дар бораи вақти интихобшуда барои гирифтани ваксина, тавзеҳ дода буд, ки то тирамоҳ раҳбари Русия нақша дорад эм гирад.
Кремл шарҳ дод, ки чаро эмгузаронии Путин оммавӣ намешавад
То барои ҳаракат ва муоширати номаҳдуд бо одамон "дар ҳолати фаъол" қарор гирад, аз ин рӯ зарур аст, ки то он замон масъунияти ӯ дар сатҳи зарурӣ бошад.