ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба ҳамтоии эронии худ иди Наврӯзро ба давлату миллати Эрон табрику шодбош гуфта, барои мардуми ин кишвар амнияту осоиш, хушҳолӣ ва шукуфоӣ орзу кард, хабар доданд расонаҳои эронӣ.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА гузориш дод, ки дар паёми табрикии худ Эмомалӣ Раҳмон аз густариши ҳамкориҳо гуфтааст.
“Боиси хушнӯдӣ аст, ки ҷашни бостонии Наврӯз - мероси арзишманди ниёкони мо, имрӯза барои миллионҳо тан дар ақсои нуқоти ҷаҳон рамзи баҳор, бедории табиат дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар, оғози корҳои созандагӣ ва ҳусни ният мебошад”, - изҳор доштааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Раҳмон ибрози итминон кардааст, ки бо такя бар суннатҳои ҷовидони Наврӯзи хуҷастапай ҳамкориҳои судманди кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар масири тавсеа дар оянда бо мазмӯну муҳтавои тоза боз ҳам густариш хоҳад ёфт .
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми идонаи худ барои Рӯҳонӣ саломатии комил, саодату комёбиҳои рузафзӯн ва ба мардуми дӯсти Эрон амнияту осоиш, хушҳолӣ ва шукӯфоӣ орзу намудааст .
Қаблан Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар паёме иди Наврӯзи бостониро ба ҳамтои тоҷики худ табрик гуфта, умедвориҳояшро дар мавриди таҳкими ҳамкорӣ баён дошт.