Моҷарои суманакпазии духтарони нимбараҳна дар Ӯзбекистон: парвандаи ҷиноӣ боз шуд - видео

Рафтори духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқоди шадид ба бор овард. Маълум шуд, ки онҳо дар клуби "Сахара" - и Урганҷ кор мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, наворе паҳн шуда, ки дар он духтарони нимбараҳна суманак мепазанд. Ин видео дар ҷомеа вокуниши шадид аб бор овард.
Тавре ки маълум шуд, ин навор дар Ӯзбекистон сабт шудааст. Пас аз танқиди шадиди корбарони интернет мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ ба духтарон таваҷҷӯҳ карданд.
Дере нагузашта, шахсияти ҳамаи қаҳрамонони видео муайян карда шуд. Маълум шуд, ки онҳо дар клуби "Сахара" дар Урганҷ кор мекунанд.
Ба гузориши Sputnik Ӯзбекистон, духтарон барои ин рафтори худ узрхоҳӣ кардаанд. "Бубахшед, мо инро аз рӯи нодонӣ кардем" гуфтанд онҳо.
Нисбати занони ӯзбек парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Се нафар дар авбошии хурд айбдор дониста шуда, ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуданд.
Се духтари дигар ба маблағи 1.225 миллион сум (116 доллар) ҷарима шуданд.