БДА дар Душанбе пиёдагардони қонуншиканро 22 000 сомонӣ ҷарима кард - навор

Кормандони БДА раёсати умури дохилаи Тоҷикистон давоми ду ҳафтаи ахир наздики 3000 пиёдагарди қонуншиканро ҷарима намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. БДА Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе бо мақсади коҳиш додани ҳолатҳои садамавӣ бо айби пиёдагардон тасмим гирифтааст рейде баргузор кунад.
Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе, кормандони БДА дар роҳҳои пойтахт аз 2 март то 2 апрел амалиёти "Пиёдагард" - ро роҳандозӣ намуд.
Гуфта мешавад, танҳо давоми 2 ҳафта дар натиҷаи ин амалиёт зиёда аз 2 948 нафар пиёдагард ҷарима шудаанд. Пиёдагардон барои убур кардани роҳ дар ҷойҳои мамнӯъ, ба андозаи 7,50 дирам ҷаримабандӣ шуданд.
Диққат! рейди 9-рӯзаи БДА - "Пиёдагард" дар саросари ҷумҳурӣ
Манбаъ меафзояд, аз аввали сол то ба имрӯз дар ҳудудди шаҳри Душанбе 47 адад садамаҳои роҳу нақлиётӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо 10 нафар ба ҳалокат расида. Илова бар ин, 51 нафар бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳои пойтахт бистарӣ карда шудаанд.
"Аз шумораи умумии садамаҳои рухдода 36 ададшон ё 94,2% фоизашро зеркунии пиёдагардон ташкил медиҳанд", - таъкид мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон махсусан пиёдагардону ронандагон эҳтиромона талаб менамояд, ки ҳангоми убури кӯчаву роҳҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.