Ҳафтаи оянда вазирони 15 давлати хориҷа ба Тоҷикистон меоянд

Вазирони корҳи хориҷӣ барои ширкат дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Дар назар аст, ки ҳафтаи оянда вазирони корҳои хориҷии 15 давлат барои ширкат  дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” зери унвони “Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва рушд” баргузор мегардад.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамоиши вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” бо суханони ифтитоҳии президенти Тоҷикистон ва раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз шавад.
"Дар Конфронс иштирок ва суханронии вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари мададрасон ва роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ дар назар аст",- афзудааст манбаъ
Тибқи иттилои манбаъ, дар остонаи Конфронс 29 март нишасти кормандони аршади “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор мешавад.
Раҳмон ва Ғанӣ дар Душанбе чиро баррасӣ хоҳанд кард?
Ба таъкиди манбаъ, фъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.
Гуфта мешавад, раванди мазкур аз се рукн иборат аст: машваратҳои сиёсӣ, тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ. “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” ҳамчунин заминаҳои муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус мусоидат ба ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро бо амалӣ гардонидани лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, зерсохтор ва энергетикӣ таъмин мекунад.
Муҳриддин бо ҳамтои афғонаш сафари Ашраф Ғаниро ба Тоҷикистон баррасӣ кард
Мавриди зикр аст, ки “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” ташаббуси муштараки Афғонистон ва Туркия буда, мизбони охирин ҷаласаи онро Душанбе бар дӯш дорад.