Зодаи Тоҷикистон дар озмуни зебоии Қазон ҳамаро мафтун кард

Намояндагони Осиёи Марказӣ дар озмуни зебоии "Зебосанами Наврӯз - 2021", ки дар пойтахти Тотористон баргузор шуд, ширкат карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 март - Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Сабрина Борзова дар озмуни зебоӣ дар Қазон унвони "Мафтункунанда" -ро ба даст овард, хабар медиҳад пойгоҳи хабарии "Татар-информ".
Зебосанам дар озмуни зебоӣ дар саҳна оташ гирифт (НАВОР)
Озмуни "Зебосанами Наврӯз - 2021" дар доираи таҷлили ҷашни асосии баҳории халқҳои Шарқ баргузор шуд.
Духтари тоҷик - зеботарин бону байни муҳоҷирон дар Русия: акс
Дар назди ҳозирин духтарони дилрабо аз Тотористон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Бошқирдистон ва Қазоқистон ҳозир шуданд.
Ғолиби озмуни зебоӣ намояндаи Қазоқистон Карина Кабдуллина гардид.
Сабрина Зуҳурова: дар даври ниҳоии "Зебосанам - 2019" ҳамаро дар ҳайрат мегузорам
Унвони мисси аввалро зебосанами ӯзбекистонӣ Юлия Ким ва ноиби мисси дуюм Диана Зулпуева аз Қирғизистон аз худ карданд.
Зебодухти тоҷик ба Миср меравад ва Тоҷикистонро дар озмуни бонуфузи зебоӣ муаррифӣ мекунад
Яна Анварова аз Бошқирдистон дар бахши "Муҳаббати бинанда" ғолиб шуд.