ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Фарид Чақабоев дар солҳои аввали ба муҳоҷират омадан, аробакашӣ мекарду симкорт мефурӯхт. Ҳоло бошад як соҳибкори муваффақест, ки миллионҳо рублро кор мекунад.
Фарид меҳмони шумораи навбатии YouTube шоу "Урюк и клюква" шуд ва аз рӯзҳои аввали муҳоҷирати худ то кор кардани миллионҳо рублро қисса кард.
Ӯ, ки ҳамроҳ бо хонаводаи худ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба зодгоҳи бобоии худ - Бадахшон гуреза шуд.
Пас аз анҷоми ҷанг оилаи Фарид боз ба Душанбе баргашт, вале манзили худро дар ҳолати вайрону валангор дарёфтанд.
"Қабл аз сафар ба муҳоҷират ба модарам ваъда додам, ки хонаи нав барояш мехарам", - ба ёд овард ӯ.
Дақиқан 1,5 сол пас Фарид ба ваъдаи худ вафо карду модарашро соҳиби манзили нав кард.
Чақабоев дар ин барнома нақл кард, ки чӣ гуна ӯ ба сӯи даромади калон ҳаракат карданро сар кард. Ӯ дар бозор бо яҳудиёну арабҳо кор карда, ба туфайли дониши хуби форсӣ, тавонист дар байни онҳо робита барқарор кунад.
"Ман ба араб пешниҳод кардам, ки молҳои яҳудиро бихарад ва баръакс ба яҳудиҳо молҳои арабиро тавсия медодам", - бо табассум нақл намуд Чақабоев.
Илова бар ин, Фарид дар минтақаҳои гуногуни Русия симкорт мефурухт ва аз ин ҳисоб даромади худ ба даст меовард.
Фарид яке аз роҳҳои то миллион рубл пул кор карданро дар кам намудани хароҷоти ҳаррӯза рабт дод.
"Барои ҷамъ кардани пул хароҷотро бояд хеле коҳиш дод ва ҳамзамон кӯшиш кард то даромад афзун шавад", - гуфт ӯ.
Дар баробари Фарид боз ду қаҳрамони дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи пул кор кардани худро дар Русия нақл намуданд.