ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Зани 42 - сола дар шаҳри Хуҷанд ҳамсарашро корд зад, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 18 март, дар заминаи муноқишаи оилавӣ рух додааст.
"Нисфирӯзии 18 март, зани 42 - сола дар ҳуҷраи истиқоматияш бо ҳамсари 40 - сола муноқиша намуда, бо корд 1 маротиба ба қафаси синаи шавҳараш задааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд.
Зимнан, ташхиси судӣ - тиббӣ муайян намуд, ки ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ арзёбӣ мешавад.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан гумонбаршаванда боздошт гардида, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.