Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Сабти ду фавти дигар пас аз гирифани ваксинаи AstraZeneca дар Норвегия

Дар ҷаҳон ҳолатҳои нави марги одамон пас аз эмгузаронӣ бо ваксинаи Бритониё аз коронавирус ба қайд гирифта мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Дар Норвегия, пас аз ваксина бо AstraZeneca, боз ду марги дигар муайян карда шуд, хабар медиҳад Агентии дорусозии Норвегия.
Сабаби лахтшавии хун аз ваксинаи AstraZeneca маълум шуд
Шумораи умумии фавтидагон дар кишвар пас аз эмкунӣ ба се нафар расид.
"Қаблан дар бораи панҷ беморе, ки пас аз ваксина бо AstraZeneca дар беморхона бистарӣ шуда буданд, хабар дода шуд. Муайян карда шуданд, ки дар онҳо омезиши тромбоз, хунравӣ ва миқдори ками тромботситҳо мавҷуд аст. Яке аз онҳо дар аввали ҳафта фавтид, акнун дар бораи ду марги дигар нав маълум шуд",- омадааст дар иттилоияи мақомоти Норвегия.
Ҳоло дар Норвегия наметавонанд робитаи байни доруи AstraZeneca ва марги беморонро тасдиқ ё инкор кунанд.
Аврупо аз ваксинаи AstraZeneca, ки Тоҷикистон аллакай ворид кардааст, даст мекашад
Ёдовар мешавем, ки тақрибан 15 кишвари ИА истифодаи ваксинаҳои AstraZeneca -ро қатъ карданд. Сабаб - марги эҳтимолӣ пас аз ваксина ё таъсири манфии шадид гуфта мешавад.