ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ният дорад фардо алайҳи коронавирус эм гирад. Путин аз тасмими худ дар мавриди гирифтани ваксин дар ҷараёни як нишаст оид ба эмгузаронӣ аз коронавирус гуфт, ки дар режими онлайнӣ сурат гирифт.
Владимир Путин пас аз эълони тасмими худ, қайд кард, ки эмкунӣ комилан ихтиёрӣ аст ва нафареро маҷбурдан дар ягон ҷо эм намекунанд.
"Ваксинзанӣ, албатта ихтиёрӣ аст ва ҳар кас худ бояд тасмим гирад. Воқеан, ман худам ният дорам, ки фардо алайҳи коронавирус эм гирам".
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи президенти Русия, Дмитрий Песков гуфт, эмгирии Владимир Путин як чорабинии оммавӣ нахоҳад шуд.
Вай инчунин нагуфт, ки сарвари давлат бо кадом дору эм карда мешавад. Песков таъкид кард, ки ҳар се доруи Русия хуб ва боэътимод мебошанд.
Ғайр аз ин, ӯ таъкид кард, ки имрӯз вазъи коронавирус дар Русия ба эътидол омадааст. Путин қайд кард, ки дар айни замон беш аз чор миллион нафар зидди COVID-19 эм карда шудаанд.
Президенти Русия таъкид кард, ки ба қарибӣ русҳо метавонанд бо дигар ваксинаи коронавирус, ки онро Маркази Чумаков таҳия кардааст, эм кунанд. Гурӯҳи аввали дору аллакай истеҳсол шудааст ва барои истифода омода аст.
Вай инчунин гуфт, ки ягон доруи хориҷӣ алайҳи коронавирус ба андозаи ваксинаи Русия самаранокии худро нишон намедиҳад.