ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои афғони худ масъалаи сафари қарибулвуқӯи кишвардори Афғонистон ба Тоҷикистонро баррасӣ кард.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, вазирони ду кишвар масъалаи сафари Ашраф Ғаниро зимни як тамоси телефонӣ, ки бо пешниҳоди ҷониби Афғонистон сурат гирифт, муҳокима намуданд.
Гуфта мешавад, вазири тоҷик бо ҳамтои худ Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар баробари масъалаи сафари раисҷумҳури Афғонистон, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва субот дар он кишварро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Масъалаи энергетика ва нақлиёт аз мавзӯъҳои дигаре буданд, ки зимни сӯҳбати телефонӣ дар доираи онҳо табодули назар сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, Ашраф Ғанӣ кишвардори Афғонистон бояд дар маросими ифтитоҳи Конфронси нуҳуми вазирони "Қалби Осиё - Раванди Истанбул", ки дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат варзад.
Баргузории ин конфронс ба рӯзи 30 марти соли ҷорӣ рост меояд.