Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дуои наврӯзӣ: аз ваксинагирии Оқохони IV то маслиҳат ба муридон ва оянданигарӣ

Шоҳзода Карим ал - Ҳусайнӣ, Оқохони IV, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон муридонашро, ки дар сартосари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иқомат доранд, бо Наврӯз шодбош гуфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Оқохони IV дар паёми шодбошии наврӯзияш изҳор доштааст, ки беҳтарин дуоҳои меҳромезро барои хайру баракати ҷамоат дар сартосари ҷаҳон мефиристад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз пирӯзию дурустии омор то шифои ҳайратангези беморон: суҳбати сартабиби шифохонаи Оқохон
Роҳбари руҳонии 84-солаи исмоилиёни ҷаҳон дар идома аз вазъи беҳдоштӣ суҳбат карда, иттилоъ додааст, ки худаш аллакай ваксина гирифтааст ва ба пайравонаш баъзе маслиҳатҳо додааст.  
"Ба шарофати муваффақият дар тавлиди ваксинаҳои босамар ва дигар шеваҳои табобат, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо як умеду хушбинӣ ба беруноӣ аз пандемияи Covid-19 менигарад", - омадааст дар паёми Оқохони IV, ки созмони "Нур" онро дар саҳифааш нашр кардааст.
Оқохони IV тавсия додааст, муридонаш бо риояи дастуроти мақомоти тандурустӣ барои гирифтани ваксинаи пешниҳодшуда розӣ шаванд, ҳамон тавре, ки худаш аллакай анҷом додаст. 
Роҳбари исмоилиён ҳамчунин таъкид намудааст, ҷамоат набояд ба ҳамаи иттилооти барғалат дар муносибат ба раванди эмкунӣ ва муқоисаҳо байни ҳамаи ваксинаҳои расман таҳримшуда, ки алҳол дастрасанд, эътибор диҳанд.
Ӯ дар идома хостааст, аъзои ҷамоат риояи қоидаҳои беҳдоштию масъулияти шахсӣ барои ҳимоят аз вирусро идома диҳанд.
Оқохони IV дар идома аз бахши тандурустии Бунёдаш хостааст, тамоми дастгирию кумакро ба ниҳодҳои давлатӣ барои роҳандозии эмгузаронии босамар ироа намоянд.
Вай дар охир таманниёти наврӯзиро идома дода, хостори муттаҳидию устуворӣ дар баробари ҳар гуна мушкилот шудаст. Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон барои мушкилосонӣ, саломатию субот, хайру баракат дар ҳаёти модию руҳонии ҷамоат ва амалишавии ҳамаи орзуҳо дуо кардааст.