Суманак, рақсу гуштин ва таомҳои миллӣ: Наврӯзи тоҷикон дар Маскав

Созмони ҷаъиятии "Нур" дар шаҳри Маскав юарои муҳоҷирону тоҷикону муқими Русия барномаи рангини ҷашни Наврӯзи Аҷам ташкил намуданд
Sputnik
Лужникии Маскав имрӯз мизбони ҷашни ҷаҳонии Наврӯз шуд. Ин идро Созмони ҷамъияти "Нур" ташкил ташкил кард.
Лужникӣ имрӯз фазои тоҷикона дошт. Ҳамо бо куртаҳои атласу адрас, тоқиҳои рангоранг ба базмгоҳ ҳозир шуданд. Хурсандии меҳмонон ҳадду канор надошт, зеро салҳо ҳамватани худро дар ин макон диданду суҳбати гарм намуданд.
Созмондиҳандагони ин чорабинӣ, ба меҳмонон ҳам барномаи консертӣ, ҳам мусобиқаи варзишӣ ва ҳам намоиши либосу таомҳои сифр тоҷиконаро муҳайё намудаанд.
Аз хурду бузург ҳама зери суруду мусиқии тоҷикона мерақсиданду шодӣ мекарданд. 
1 / 11
Суманак, ки рамзи Наврӯз аст, дар Маскав низ дар хони наврӯзӣ гузошта шудааст
2 / 11
Созмондиҳандагон, дар як гӯша ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд
3 / 11
Ҳамчунин хони Наврӯзӣ низ ороста шудааст
4 / 11
Дар хони Наврӯзӣ барои кӯдакон шириниҳо низ гузошта шудааст
5 / 11
Ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ низ ташкил карда шудааст
6 / 11
Аз ҷумла тениси рӯи мизӣ ташкил гардидааст
7 / 11
Илова бар ин гӯшаи мазсус барои гуштингирӣ ташкил шудааст
8 / 11
Хоҳишмандони волейбол ҳам аз назари созмондиҳандагон канор намонданд
9 / 11
Тамошобинони ҳар як мусобиқа ба ҷонибдорӣ аз варзишгарон мухлисӣ мекарданд
10 / 11
Аз миёни мусобиқаҳои варзишӣ, гуштингирӣ сертамошобин буд
11 / 11
Аз хурду бузург ҳама рақсу шодӣ мекарданд