ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки ноиби президент Камала Ҳаррис аз ӯ зирактар аст, хабар медиҳад РИА Новости.
Байден Харрисро аснои муаррифӣ кардан ба кормандони Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Атланта, аз худ оқилтар арзёбӣ кард.
Президент дар сафар ба Ҷорҷия зимни суханронӣ гуфт, ки бояд нахуст суханро ба Ҳаррис медод, вале иштибоҳ кард.
"Ман набояд нахуст суханро ба ноиби худ медодам, зеро аз ман зирактар аст”, - таъкид намуда буд Байден.
Харрис бо шӯхӣ қайд кард, ки "дар ин ҷо дигар чизе илова кардан мумкин нест."
Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҷо Байден Камала Ҳаррисро на як бору ду бор Президенти Иёлоти Муттаҳида хонда буд.
Байден рӯзи 20 январ расман ба курсии раёсатҷумҳурии Амрико такя зад. Ноиби ӯ Камала Ҳаррис интихоб шуд ва номбурда нахустин зани сиёқпӯст мебошад, ки ба чунин вазифаи баландмақоми ҳукуматӣ роҳ ёфт.