То 5700 сомонӣ барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бидуни хондан

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар додааст, ки худро корманди БДА гуфта, ба ивази пул шаҳодатномаи ронандагӣ ваъда медодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд аз боздоштшуда Ашраф Мавлонов, сокини 37-солаи ноҳияи Деваштич ном бурдаанд, ки қаблан низ бо ин ҷурм ду маротиба суд шудааст.
48 кушта дар роҳи Душанбе – Чаноқ: бе ҳуҷҷат, маст ва телефон дар даст
Ба иттилои манбаъ, Мавлонов худро корманди БДА гуфта, тайи моҳҳои январу феврали соли равон аз шаҳрвандон бо ҳар баҳона, аз ҷумла барои додани шаҳодатномаи ронандагӣ пул мегирифтааст.
Шаҳрвандон барои гирифтани шаҳодатнома бидуни хондан аз 1870 то 5700 сомонӣ пул додаанд ва фиреб хӯрдаанд, гузориш дод ВУД.
Манбаъ илова намуд, ки Мавлонов инчунин модари ҷавони ду фарзандро фиреб додааст, ки бо ваъдаи хонадоршавӣ ба боварияш даромада ҷавоҳироту пул ва ҳатто телефонашро гирифтааст.
Мақомот мегӯянд, аз ҷумла бо баҳонаи он, ки телефони ҳамсари ояндаашро санҷад, ки киҳо зангаш мезананд, дастгоҳи мобилиро гирифта, аз худ намудааст.
Ба иттилои мақомот, тайи ду моҳ даҳ ҳолати фиребкорияш ошкор шудаанд, аммо дар асл ин ҳолатҳо метавонанд зиёд бошанд.
ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Назари бевоситаи худи айбдоршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.