Зурабишвили аз Эмомалӣ Раҳмон хост, нимаи дуюми соли 2021 ба Гурҷистон ояд

Саломе Зурабишвили, раисиҷумҳури Гурҷистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои боздид аз кишвараш даъват кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Зурабишвили ҳамтои тоҷикашро барои боздиди расмӣ аз Гурҷистон даъват карда, изҳор доштааст, ки дар ҳар фурсати муносиб метавонад ин сафарро анҷом диҳад.
Савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон ин нукта дар паёми наврӯзии Зурабишвили ба Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст.
Раисиҷумҳури Гурҷистон изҳор доштааст, ки баҳор, ин айёми бедоршавии табиат, пурра кардани он бо ҳаёту неруи нав мебошад, Наврӯз, ин рӯзи нав, ҳамчунин рамзи умед ба ояндаи беҳтар мебошад.
“Ҷаноби Президент, бо истифода аз фурсат мехоҳам Шуморо ҷиҳати боздид аз Грузия бо сафари расмӣ дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар ҳар вақти бароятон муносиб даъват намоям”, - изҳор доштааст раисиҷумҳури Гурҷистон.
Зурабашвили изҳори боварӣ намудааст, ки сафари Раҳмон муносиботи дӯстии миёни Гурҷистон ва Тоҷикистонро тақвият бахшида, васеъ хоҳад гардонд.
Дар охир раисиҷумҳури Гурҷистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми дӯсти тоҷик сиҳатмандӣ ва некӯаҳволӣ орзу намудааст.