ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Сокинони маркази вилояти Суғд ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳи хосса таҷлил намуданд.
Котиботи раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки Наӯзи ҷаҳониро сокинони вилоят дар "Боғшаҳри наврӯзӣ" бо ҳузури раиси вилоят ҷашн гирифтанд.
Гуфта мешавад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хаймаю гӯшаҳои идонаи наврӯзии корхонаю муассисаҳо, ки идгоҳро зеб медоданд ва ҳамзамон аз гӯшаи бозии миллии кӯдакону барномаҳои фарҳангие, ки ҷониби наврасон нишон дода мешуданд, дидан намуда, ба маҳсули меҳнати эҷодкорон ва растаҳои ҳунарҳои мардумии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар ин рӯз ҳунарҳои миллии сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, ки замоне ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси вилоят кулли мардуми Хуҷанди бостониро бо ин танатанаи бошукӯҳи аҷдодӣ- Наврӯзи хуҷастапайи оламафрӯз муборакбод намуда, ба онҳо ободию сарсабзии диёр ва сарбаландиву шодкомӣ орзу намуд.
Манбаъ меафзояд, сар аз оғози ҳафтаи равон дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд барномаҳои наврӯзӣ оғоз гардида, то охири моҳи равон идома меёбанд.