ДУШАНБЕ, 19 мар— Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, 1 рубли русӣ ки ду рӯз пеш аз 0.1540 то 0.1575 арзиш дошт, имрӯз 0.1526 то 0.1545 нишон дода шудааст.
Доллари амрикоӣ агар чанд моҳи охир дар як мақом яъне аз 11.3085 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ шуда бошад, пас имрӯз аз 11.3100 то 11.3300 сомонӣ арзиш дорад.
Ҳамин тавр, тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1526 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3100 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.5075 то 13.6800 сомонӣ муқаррар намудааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1526 то 0.1545 сомонӣ таъйин намудааст
Ҳамин тавр, Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".