"Шеваи нави фиребкории Фаррух, ки худро прокурор, суд, амният гуфта, пул мегирифт" - видео

Фаррух Ҳалимов, ки қаблан даҳҳо бор худро прокурор, суд, милиса ва корманди амният гуфта, аз масъулини мағоза, меҳмонхонаю дорухонаҳо пул мегирифт, соли равон худро “нозири андоз” гуфта, бо шеваи нав – тариқи телефон аз гӯштфурӯшҳо даҳҳо ҳазор сомонӣ гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Фаррух Ҳалимов, ки борҳо номаш дар гузоришҳои ҷиноӣ садо додаст, боз дар сархати хабарҳои ҷиноӣ қарор гирифт. Ӯ, ки қаблан худро суд, прокурор, милиса ва корманди амният муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул мегирифт, ин дафъа худро тариқи телефон корманди андоз гуфтасту гӯштфурӯшон ба ӯ пул мефиристодаанд.
33 ҳазор доллар барои раҳоӣ аз толори суд ва зиндон: боздошти зану мард бо гумони қаллобӣ
Ба гузориши ҷадиди ВУД, Ҳалимов, сокини 34-солаи шаҳри Бӯстон, ки қаблан 5 маротиба суд шудааст, аз гӯштфурӯшон дар ноҳияи Спитамену Бобоҷон Ғафуров даҳҳо ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин дафъа Ҳалимов бевосита бо ҷабрдидаҳо вонахӯрда худро корманди андоз гуфта, аз онҳо тариқи телефон барои мусоидат дар пардохти андоз ва ҳалли дигар масъалаҳо пул хостааст, ки гӯштфурӯшҳо низ пулро тариқи ронандаҳои таксӣ ба ӯ мефиристодаанд. ВУД таъкид кард, ки то 14 март 10 ҳолати ҳолати қаллобӣ ё худ фиреби қассобонро ба қайд гирифтааст, ки зарари он 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки Ҳалимов охири соли 2018 низ барои фиребкориҳояш дар навори хабарҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта буд. Ба гузориши ВУД, додгоҳи Хуҷанд Ҳалимовро моҳи сентябри соли 2018 ба андозаи 20 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда буд ва аллакай моҳи ноябр ӯ боз худро "милиса", "корманди амният", "прокурор" ва "суд" гуфта, беш аз 15 нафарро фиреб дода, пулашонро гирифтааст.
"Ҳангоми содир намудани ин аъмоли номатлубаш ӯ худро корманди мақомоти "милитсия", "суд", "прокуратура", "кумитаи давлатии амнияти миллӣ", "нозироти андоз" ва "хадамоти фармасевтии вилояти Суғд" муаррифӣ намуда, аз мағозаву дорухонаҳо ва меҳмонхонаҳо гӯё бар ивази ошкор накардани камбудиҳояшон маблағҳои пулӣ ситонидааст", - гузориш дода буд ВУД он замон.
Феълан Ҳалимов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Назари бевоситаи Фаррух ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳомот маълум нест.