Дар Зарафшон терминали пулгузаронӣ ғорат шуд: пулис "Комрон"- ро меҷӯяд

Дар ғорати терминали пулгузаронӣ ҷавони 29 - сола даст дорад, ки аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст. Ӯ мегӯяд, ҷиноятро ҳамроҳ бо "Комрон" ном дӯст анҷом додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт аз терминали пулгузароние 300 сомонӣ дуздида шуда, ҳамзамон ин дастгоҳ комилан корношоям гардидааст, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Аризаи сокинони Ҷайҳун ба милиса дар бораи ҳолатҳои дуздӣ: як ҷавон дастгир шуд - акс
Манбаъ меафзояд, бо гумони содир намудани ин ҷиноят сокини 29 - солаи деҳоти 1 - уми Майи шаҳри Турсунзода боздошт гардидааст.
Номбурда аснои бозпурсӣ иқрор шудааст, ки дар содир намудани ин ҷиноят ба ӯ "Комрон" ном дӯсташ кӯмак расонидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, боздоштшуда шаби 12 ба 13 март, тахминан соати 23:20 дақиқа бо роҳи пинҳонӣ дар истгоҳи назди бозорчаи "Зарафшон" терминали маблағгузориро шикастааст.
Сипас аз дохили терминал 300 сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Зикр мегардад, ки зарари расонидашуда 6 777 сомониро ташкил медиҳад.
Феълан, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад ва кормандони пулис "Комрон" - ро, ки дар ин ҳодиса низ даст доштааст, ҷустуҷӯ мекунанд.