ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Имрӯз пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Лутфулло Иззатулло ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Котибот бо сабаби аз вазифа бозхонд кардани Абдуллозодаро расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан гуфтааст.
Ҳамчунин президенти Тоҷикистон бо содир кардани як фармон,Сафарзода Носирхонро бинобар паст задани шаъну эътибор аз мақом барканор кард.
Бар асоси гузоришҳои расида, Сафарзода аз ҷониби кормандони Ожонсии зидди фасод боздошт шудааст.
Ӯ барои гирифтани ришва дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар муттаҳам дониста мешавад.