Қабули расмии Нишон ва манораи назоратӣ: яке ба тавозуни Қасри Миллат гузаронда шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарорҳои Ҳукумат санадҳои Комиссияи давлатии қабул дар мавриди ду иншоотро дар Душанбе қабул кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 мар – Sputnik. Бар асоси қарор, Комиссияи давлатӣ аз ҷумла сохтмони Нишони давлатии Тоҷикистонро қабул кард. Пояи Нишони давлатии Тоҷикистон дар маркази Душанбе гарчанде ҳудуди 10 сол пеш ифтитоҳ шуда бошад ҳам Ҳукумат санади Коммисияи давлатии қабулро тоза тасдиқ намуд.
Раҳмон гуфт, парчам чун нишони сарисинагӣ ва дар хонаҳои истиқоматӣ васеъ истифода гардад
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо қабули анҷоми сохтмони Нишони давлатӣ дар маркази Душанбе дастур додааст, ки он ба тавозуни Қасри Миллат гузаронда шавад.  Қасри Миллат дар тавозуни Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Ноҳияи Рӯдакӣ дорои Парчаму Нишони давлатӣ шуд
Инчунин комиссияи давлатӣ манораи назоратиро, қи қаблан дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо маблағгузории Фаронса сохта шуда буд, қабул намуд.
Ҳукумат манораи ҷадиди назоратиро ба тавозуни корхонаи “Тоҷикаэронавигатсия”-и Ожонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон гузарондааст.