ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Як чархболи неруҳои вижаи Афғонистон дар вилояти Вардак дар маркази ин кишвар суқут кард, хабар медиҳад Tolo News.
Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодисаи нохуш дасти кам 9 нафар кушта шуданд.
Ҳоло сабаби ба садама дучор шудани чархбол номаълум аст.
Зимнан, теъдоди қурбониёни инфиҷори автобус, ки чанде пеш дар Кобул иттифоқ афтод, ба 6 нафар расид. Манобеи Tolo News
хабар медиҳад, ки автобус ҳомили кормандони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ буд.
бар асари ин ҳодиса ҳамчунин 16 нафари дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд ва ҳоло дар бемористон бистарӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад, феълан ягон гурӯҳ масъулияти ин таркишро ба дӯш нагирифтааст.
Қаблан дар Қазоқистон як ҳавопаймои низомӣ дучори садама шуд, ки дар натиҷа 4 низомӣ ҷон аз даст доданд ва танҳо 2 нафар зинда монданд.