ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Намоҳанги овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин аллакай чор миллион бинанда гирифт. Суруди Манижа давоми 8 рӯз дар шабакаи Youtube аз ҷониби се миллион нафар тамошо шудааст.
Илова бар, намоҳанги Манижаро ҳазорон нафар писанда, ҳамчунин зери он корбарон шарҳ гузоштаанд. Вале сафи нафароне, ки ин намоҳангро қабул надошта, ҳамзамон муқобили иштироки Манижа дар Евровидение - 2021 аз номи Русия низ кам нестанд.
Ҳоло Манижа танҳо як гурӯҳи попи Сербия Hurricane, ки иборат аз се духтар мебошад, ақиб мондааст. Намоҳанги ин гурӯҳ аллакай 4,5 миллион бинанда пайдо намудааст.
Намоҳанги Манижа рӯзи 10 март соати 12:00 дар канали озмуни сурудҳо нашр шуд. Ба ҷои видеои анъанавӣ, ба мухлисони озмун ҳунарнамоии Манижа дар доираи интихоби миллӣ низ тақдим карда шуд.
Дар оғози видео Манижа дар тан ҷома дорад ва сарашро бо рӯймол бастааст. Каме баъдтар, сароянда ҷомаашро кашида, дар либоси сурх мемонад, ки дар қафои он навиштаҷоти Russian Woman - номи суруди ӯ навишта шудааст.
Ҳунарнамоии ӯ ҳайратангез ва ғайриоддӣ гашту тамошобинонро ба тарафдорону зид ва онҳое, ки аз ин суруд дар шок афтоданд, тақсим кард.
Ёдовар мешавем, ки овозхонҳои тоҷик ба пирӯзии Манижа Сангин хушбин ҳастанд ва ҳунари ӯро басо воло ва ҷаззоб арзёбӣ мекунанд.