ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Ду рӯз, 16-17 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайатҳои тарафҳоро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев роҳбарӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот оид ба делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз натиҷаи ин мулоқоти сатҳи баланд, ягон тафсилот ироа накардааст.