Хоруғро як заминларзаи дигар "такон дод"

Пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон ларзишро ба қайд гирифтанд: заминҷунбӣ тақрибан 5 баллро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 мар - Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии назорати сейсмикии пешгӯии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.
Миллиард сол дар 40 сония: олимон тағйирёбии заминро нишон доданд - навор
Ларзишҳо дар 58-километрии шарқи Хоруғ ва 295-километрии шимолуғарби шаҳри Мингораи Покистон рух додааст.
Тибқи иттилои марказ, ларзишҳо соати 16:53 ба вақти Душанбе рух дода, шиддати он 4,9 баллро ташкил кардааст.
Ларзиш дар  чуқурии 200 километр ба вуҷуд омадааст. Ҳамзамон, масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу шарқ тақрибан 496 километр гуфта мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора ҳоло шарҳе надодааст.
Дар бораи талафот ва харобӣ низ гузорише нарасидааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал мавҷи пурраи заминларзаҳо саросари ҷумҳурӣ Тоҷикистонро фаро гирифтанд.
Фукусимаи дувум: чигуна Ҷопон пас аз заминларзаи шадид барқарор мешавад - навор
Сарфи назар аз он ки онҳо заиф буданд ва аксарият ҳолатҳо ба пойтахти Тоҷикистон низ ҳис мешуд. Сокинони минтақаҳои дурдасти шимол ва шарқи ҷумҳурӣ низ тағирёбии зуд-зуд дар заминро эҳсос карданд.