Зоирони тоҷик дар интизори ҳаҷ, аммо он боз мавқуф гузошта шуд

Зоирони тоҷик ба умеди он буданд, ки аз оғози моҳи апрел имкони зиёрати хонаи Худоро ба даст меоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Масъулони ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, то ҳол дар мавриди оғози сафари ҳаҷҷи Умра иттилое дар даст надоранд. Ба таъкиди онҳо, ҷониби вазорати ҳаҷҷи кишвари Арабистон ҳам ҳанӯз дар ин бора паёме ироа накардааст.
Мавсими Ҳаҷ - 2021 баргузор мешавад ё на: посухи Кумитаи дин
Абдулмаҷид Зокиров, аз масъулини ширкати сайёҳии "Расулсохтмон" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи мувофиқаи ахир, вазорати ҳаҷҷи Арабистон сафари зоиронр то 31 март ба таъхир гузошта буд, вале ба эҳтимоли зиёд таъхиркорӣ дар ин самт боз идома ёбад.
"Мутаассифона, дар бораи ҳаҷыи умра то ба ҳол ягон хабари нав дар даст надорем", -афзуд намояндаи ин ширкати сайёҳӣ.
Ба таъкиди ӯ, чанде пеш Арабистони Саудӣ дар мавриди ҳаҷҷи фарзӣ чанд муқаррароти нав ироа карда буд. Бар тибқи ин муқаррарот, ҳоло нафароне, ки алайҳи коронавирус эм гирифтаанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мубтало набудан ба ин вирус дар даст дошта бошанд, имкони сафар кардан ба ҳаҷҷи фарзиро пайдо мекунанд.
Арабистон зоирони эмнашударо роҳ намедиҳад: тақдири ҳоҷиёни тоҷик чӣ мешавад
Бояд зикр намуд, ки Арабистони Саудӣ бинобар авҷ гирифтани навъи нави коронавирус, сар аз 26 феврал вуруди мусалмононро мутаваққиф кард.