Тӯфони рег ба Қазоқистон ҳам расид: видео

Тӯфони ғуборолуд ба Тоҷикистон наздиктар мешавад, ҳоло сокинони Қазоқистон аз обу ҳавои бад ранҷ мебаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 март - Sputnik. Сокинони Актауи Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоеро паҳн мекунанд, ки тӯфони регро акс мекунад.
Ҳуҷуми тӯфони шадиди рег ба пойтахти Чин - видео
Шамоли сахт бо рег дар минтақаҳои гуногуни вилояти Мангист мушоҳида мешавад.
Тибқи маълумоти Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, вазиши шамол дар ин минтақаи Қазоқистон дар як сония ба 22 метр мерасад.
Баъзе парвозҳо бинобар шароити ғайри парвоз лағв карда шуданд.
Дар Қазоқистон рӯзи 17 март низ ҳамин гуна ҳаво пешбинӣ шудааст. Манбаи офати табиӣ мушаххас нашудааст.
Тӯфони бузурги рег кишварҳои халиҷи Форсро фаро гирифт - навор
Ёдовар мешавем, ки охири ҳафтаи гузашта тӯфони рег шаҳрҳои Ховари Миёнаро фаро гирифт ва аз рӯзи душанбе ғубори қум фазои Пекинро фаро гирифт.
Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон аз сокинон даъват кард, ки хавотир набошанд, зеро агар тӯфони рег ба ҷумҳурӣ аз нимҷазираи Арабистон ояд ҳам,  он гоҳ ба таври назаррас суст шудааст