ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Мутахассисони Роспотребнадзор, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, аз як озмоишгоҳи тиббӣ дидан намуданд.
Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, бегоҳи рӯзи 16 март, Кедрова Олга Викторовна, Шарова Ирина Николаевна, Марсоха Кирилл Сергеевич, намояндагони корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Русия "Микроб"-и "Роспотребнадзор" бо фаъолияти Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ" шинос шуданд.
Гуфта мешавад, аснои шиносоӣ ҳайати Роспотребнадзор аз рафти фаъолияти озмоишгоҳи мазкур дидан намуда, инчунин, бо роҳбарият ва мутахассисони муассисаи номбурда мулоқот карданд.
"Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ мубодилаи афкор намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Бояд гуфт, ки боздиди мутахассисони “Роспотребнадзор” аз озмоишгоҳҳо ва як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки як ҳайати вижаи Роспотребнадзор рӯзи 16 март вориди Тоҷикистон шуданд. Ҳадафи ин сафар тақвияти ҳамкориҳо байни Роспотребнадзор ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемиявии аҳолии ду кишвар мебошад.
Қаблан вазорати тандурустии Тоҷикистон низ гуфта буд, ки бо назардошти натиҷаи ҳосилшудаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ин ҳайат ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии Тоҷикистон меояд.
Дар Тоҷикистон сар аз соли ҷорӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус қайд нашудааст ва раисиҷумҳур низ эълон кард, ки кишвар орӣ аз ин беморист.