ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар тайи рӯзҳои 20 ва 21 дар Тоҷикистон ҳавои номусоид, раъду барқ ва боридани борону жола дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар Душанбе рӯзҳои тайи рӯзҳои 20-21 март ҳавоабриву боронӣ мешавад. Баъзан боришот бо раъду барқ шадид хоҳад буд, жола мумкин аст. Ҳарорат дар ин рӯзҳо дар доираи 18-20 дараҷа гарм хоҳад буд.
Ҳамзамон раъду барқ ва боридани борону жола аз эҳтимол дур нест, афзудааст манбаъ.
Дар навоҳии тобеи марказ низ ҳаво чун пойтахт пешгӯӣ шуда, аммо дар ноҳияҳои алоҳида шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр боришоти барф низ пешгӯӣ мешавад.
Ҳавосанҷон гуфтаанд, дар вилояти Суғд бошад рӯзҳои ид, ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2200 метр боришот борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат, раъду барқ ба амал меояд.
Дар ВМКБ бошад дар ин рӯзҳо, ҳавои қисман абрнок, дар ғарби вилоят борон (шабона боришот борон, барф) дар ноҳияҳои алоҳидаи шарқии вилоят боришоти сусти барф пешгӯӣ мешавад.
Хатлониёнро низ рзҳои ид ҳавои номусоид интизор аст.
Дар ин минтақа дар Наврӯз ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, шабона дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.