Нархи гарони сӯзишворӣ фаъолияти автобусҳои Хуҷандро мушкил кард: харҷ аз даромад зиёд

 Афзоиши нархи сӯзишворӣ, ҳолати иқтисодии Корхонаи “Нақлиёти мусофиркашон” и Хуҷандро душвор намудааст. Масъулини ин корхона мегуянд, бо вуҷуди гарон шудани арзиши сӯзишвории дизелӣ автобусҳо ҳанӯз бо 1 сомонӣ хизматрасонӣ мекунанд, вале чунин вазъ хароҷотбор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" дар КВД “Нақлиёти мусофиркашон” и Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, болоравии нархи сӯзишворӣ ба фаъолияти корхонаи онҳо таъсири амиқи манфӣ расонидааст.
Ӯ гуфт, назар ба се моҳи қабл, ҳоло қиммати маводи дизелӣ то ба 35 дарсад баланд шуда, ба 7- 8 сомонӣ дакка задааст.
“Нархи дизел (солярка) қиммат шуд. Пештар 5, 8 сомонӣ буд, ҳоло 7, 8 сомонӣ аст. Бо ин вуҷуд роҳкиро аз 1 сомонӣ тағйир наёфтааст. Аммо ин барои корхона хароҷотбор аст, зеро даромаде, ки аз ин ҳисоб ба даст меояд, хароҷотро пушонида наметавонад”,- гуфт Бобоҷонов.
Ин масъули Корхонаи “Нақлиёти мусофиркашон”- и Хуҷанд гуфт, ки бо вуҷуди ин вазъ, ҳамарӯза то 55 автобус ба сокинони Хуҷанд ва шаҳру навоҳии атрофи он хизмат мерасонанд.
Гусев тавзеҳ дод, ки чаро Тоҷикистон бо камбуди бензин рӯбарӯ шудааст
Ӯ иброз намуд, ки болоравии нархи сӯзишворӣ ба ҳолати иқтисодии ин корхона таъсири амиқи манфӣ расонидааст, вале онҳо ба умеди кӯмаки молии ҳукуматҳоянд.
“Дар ҳамаи давлатҳо ҳаракати автобусҳо хароҷотбор ва дататсионӣ ба ҳисоб меравад. Аммо дар асри муосир, яке аз талаботи шаҳрдорӣ ин ҳаракати автобусҳои мусофиркашонӣ мебошад. Ҳоло мо маводҳоро ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Бӯстон, Б. Ғафуров, Гулистон ва ҳукумати вилоят пешниҳод намудем, ки дар чунин шароит корхонаи мо хароҷот аз ҳисоби ҳаракати автобусҳоро пӯшонида наметавонад. Онҳо ваъда додаанд, ки дастгирӣ мекунанд”,-афзуд корманди “Нақлиёти мусофиркашон”- и Хуҷанд.
Барои тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соли 2019, ба идораи "Нақлиёти мусофиркашон" - и шаҳри Хуҷанд, 26 миллион доллар қарзи даҳ сола ҷудо кард. Аз ин ҳисоб 17,5 миллион доллар қарз ва 8,5 миллион доллари дигар маблағи бебозгашт гуфта мешавад.
Роҳкирои мусофирбарӣ дар шаҳрҳои Суғд баланд шуд - шарҳи мақомот
Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд аз ҳисоби ин қарзи бонкӣ соли 2018, 100 адад автобусҳои тамғаи "ЛИАЗ 4292" ва "ЛИАЗ 5292" - ро аз Федератсияи Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуд.
Масъулони "Нақлиёти мусофиркашон" - и Хуҷанд мегуяд, то имрӯз шаш марҳилаи пардохти қарзи автобусҳоро сипарӣ намуда 4,3 миллион доллар аз 17, 5 миллионро соф кардааст.
“АИ – 92 нест”: бензин даҳҳо вагон ворид шуд, аммо арзон намешавад
Ахиран санаи 5 апрели соли ҷорӣ дар пайи гароншавии арзиши сӯзишворӣ, арзиши роҳкирои мусофирбарии дохилишаҳрӣ дар шаҳру навоҳии Суғд 15 % баланд шуд. Масъулини идораи нақлиёт ва комуникатсияи ҳукумати Суғд дар шарҳи ба 1, 5 сомонӣ боло рафтани қиммати роҳкиро ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ба гароншавии маводи сӯхт вобаста аст.