Фавти 65 нафар тайи шабонарӯзи охир бар асари COVID-19 дар Эрон

Вазорати тандурустии Эрон мегӯяд, тайи шабонарӯзи гузашта дар кишвар бар асари коронавирус 65 нафар фавтида, теъдоди умумии ҷонбохтагон бар асари беморӣ дар ҷумҳурӣ ба 61 ҳазору 492 нафар расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар 24 соати гузашта 7 ҳазору 802 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19  дар Эрон шиносоӣ шуда,  670 нафар бистарӣ гардиданд.
Ҳайати Роспотребнадзор аз Озмоишгоҳи миллии тандурустӣ боздид кард
Ба навиштаи сомонаи “Парстудей” теъдоди гирифторони сабтшудаи коронавирус дар Эрон, ба як миллиону 771 ҳазору 115 нафар расид.
То кунун як миллиону 514 ҳазору 61 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд, таъкид кард манбаъ.
Ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дод, ки ба ҳолати субҳи 17 март шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 121,278 миллион ва фавтидагон ба 2,682 миллион нафар расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 449 180 нафар ва фавтидагон 9 847 нафар зиёд шудааст.
Дар зимн Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ тайи моҳҳои охир ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.