Мардумони эронинажод Наврӯзро чун ҷашни баҳор, санаи баробарии шабу рӯз ва сари сол таҷлил мекунанд.
Бар асоси гузориши аксӣ, дар Эрон аллакай омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз ё худи Соли нав оғоз шудааст. Дар кӯчаю хиёбонҳои Эрон овезаҳо бо навиштаҷоти Соли нав муборак насб шудаанд.
Дар дӯконҳо лавозимоти ҷашнӣ, аз аз ҷумла ашёҳо барои оташбозӣ ба савдо гузошта шудаанд.
Дар баробари ин анъанаҳое, ки ҳазорҳо сол собиқа доранд ҳанӯз фаромӯш нашудаанд. Аз ҷумла дар ин арафа гулхани бузург афрӯхта мешаваду гирди он мардум хурсандӣ мекунанд ва аз болои он меҷаҳанд. Ин маросимро чоршанбесурӣ мегӯянд. Дар Тоҷикистон аз он аловпарак ном мебаранд, ки ба бовари аҷдодон, инсон ба ҳамин восита аз тамоми бадию бадбахтиҳои гузашта тоза мешавад.
Инчунин дар дегҳои калон суманак омода карда мешавад.
Замони дақиқи пайдоиши Наврӯз маълум нест, аммо муайян шудааст, ки ин ид ҳадди ақал тайи беш аз 3 ҳазор соли охир ҷашн гирифта мешавад. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.