Рӯзи 16 март дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1976 дар конфронси байналмилалии Ямайка созишнома дар бораи низоми нави асъори байналмилалӣ ба имзо расид.
Рӯзи 16 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2009 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бора таҳсилоти иловагӣ"-ро баррасӣ намуд.
Соли 2009 Маҷлиси намояндагони Моҷлиси Олии ҶТ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон"- ро дар таҳрири нав қабул кард.
Соли 2009 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истанбули Туркия дар форуми панҷуми ҷаҳонии об суханронӣ намуд.
Соли 2010 дар Хоруғ аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳаёт" нашр шуд.
Соли 2012 Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Созишнома дар бораи маблағгузории иловагии лоиҳаи бақайдгирӣ ва сохтори кадрии замин барои рушди устувори хоҷагии қишлоқ, инчунин лоиҳа оид ба паст намудани талафоти энергетикиро ба имзо расониданд.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни пурифтихори Наврӯз 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои зебои хизматӣ шуданд.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масъалаи бароҳмонии корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд.
Соли 2016 дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" 3-юмин Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонӣ ва меъморӣ баргузор гардид.
Соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии давлатҳои ИДМ ба анҷом расид.
Ҷашнҳои рӯзи 16 март
Рӯзи 16 март кӣ ба дунё омадааст
Шавкат Саидов (1970) - раҳбари собиқи телевизиони ҷамъиятии "Пойтахт" ва сухангӯи пешини шаҳрдори собиқи Душанбе.
Шавқат Бозоров (1958)- доктори илми иқтисод, профессор.
Гулнора (Назарова) (1972)- шоира.
Раҳматилло Зоиров (1958)- раиси ҲСДТ.
Фатҳия Икромова (1933) – педагог, профессор.
Абиғай Исҳоқова (1916 – 1995) – актрисаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Носирҷон Маъмурзода (1984)- журналист.
Муҳаммад Ғойиб (1954) – Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
Муҳаммадҳаким Муҳаммадзоҳиров (1935) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Давлат Қурбонов (1943) – дирижёр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Абдуҷаббор Раҳмонов (1959) – доктори илми филологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон.
Эгам Ҳасан (1934-1998)- нависанда.